ХАБАРИ ДОҒ

 

Андар баёни сатр

Ҳар кӣ бовар дорад, ки бо зани ҳиҷобдор касе ҷуръати нигоҳ кардан надорад, номаъқул кардааст. Агар сатр ин мушкилро ҳал карда метавонист, арабҳо рӯи занони худро пурра маҳкам намекарданд. Ҳарчанд онҳо намедонанд, ки чодирпӯш кардани зан 1 мушкили дигар дорад. Ин ҳол ба зан имкон медиҳад, ки ба рӯи марди дилхоҳаш бехиҷолат нигоҳ кунад!!!

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки сатр бояд чӣ гуна бошад? Сатре, ки имрӯз духтарону занони Тоҷик ба сар мекунанд, дар асри 7 набуд. Дар биёбонҳои нимҷазираи Арабистон имрӯз ҳам бо вуҷуди пешрафти техника пахта намерӯяд, ки санъати матоъсозӣ рушд кунад. Ин ҳама ҳиҷобу сатр дар 50 соли гузашта не, балки 5-10 сол пеш дар Туркия ихтироъ шуданд. Чун рӯҳониён дар афкори ҷомеа нисбат ба занони сатрдор нигоҳи гармро шакл дода тавонистанд, таваҷҷуҳ ба ин навъи пӯшиш зиёд шуд. Имрӯз ҳатто духтарон бо бастани сатр аз мардум бонус (хол) гирифта, зуд шавҳар меёбанд. Ба ҷуз ин фанатҳои динӣ то ҳол духтарону занони беҳиҷобро ошкору ниҳон бешарм ва мардони хонаводаи онҳоро беномус ва дур аз роҳи шариати исломӣ меҳисобанд. Гӯё зани бесатр ахлоқи хуб надорад. Иддаое, ки бебунёд аст. Масалан 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ зани тоҷик сатр надошт, чӣ магар ӯ ҷалаб, сабукпо ва фоҳиша буд? На, баръакс шарме, ки як духтари 16 солаи он замон дошт, баъзе аз занҳои шавҳардори сатр ба сари имрӯза надоранд. 

Мардонро бояд тарбият кард

  Воқаен ҳам гоҳо дар кӯчаву бозор нигоҳи шаҳватолуд андохтани мард ба рӯи зан ҷой дорад вале ҷомеаҳои мусулонӣ мушкилоти ахлоқи мардонро ба ивази озодии занҳо ҷуброн мекунанд. Яъне, ба ҷои он, ки душманро бикушанд, баръакс сояи онро тирборон мекунанд. Ҳатто фанат-мардон бешармона иддао доранд, ки набояд зан ҳузури ҷамъиятӣ дошта бошад, ки мо худро идора карда наметавонем. Ҳуй, касе нафсашро лаҷом зада наметавонад, рафта дар ҷангал зиндагӣ кунад. Модоме, ки бо ҷамъияти инсонӣ ҳамроҳ зиндагӣ дорӣ, нафсу нигоҳатро ҷамъугир кун. Зеро рафтан ба бозор, зери офтоб будан ва аз ҳавои тоза нафас гирифтан, талаботи биологию маънавӣ, орзу ва ниёзи ҳар зан ҳам ҳаст. Оё месазад ӯ аз ин ҳама ба он хотир даст бикашад ва кунҷи хона бимонад, ки дар берун мардони ҳарис рафтуо доранд?     

Сатри сиёсӣ ва ҷангӣ

  Ҳарчанд сатр мақсади ҳаводорашро амалӣ намекунад, аммо дар ҷомеаи мо руҳониён ба он муваффақ шуданд, ки аз он муқаддасот сохта, 1 баҳона барои ҷанг ва бадбинӣ омода кунанд. Имрӯз қанд бизану гӯ, ки сатр моли бегона аст, 5 дақиқа баъд доду фиғони юбкапӯшон (аҷоиб-а?) аз Аврупо баланд мешавад ва мегӯянд, давлат ба либоси зани 1 мард чӣ кор дорад? Агар вазъ ҳамин гуна давом ёбад, фардо ҳар мард занашро фаранҷипӯш карда, даъво мекунад, ки ба рӯи зани ман кордор нашав ва пасфардо дигар хоҳад гуфт, ин зан ба ман тааллуқ дорад, ба ту ва давлат чӣ фарқ аст, ки ӯро дар бозор мефурӯшам ё дар кӯча? Фарзи мисол садҳо марди Тоҷик (садқаи ин ном шаванд) ҳамсарони нозанини худро ба Ироқу Сурия бурда, зери пои арабҳои сиёҳ партофтанд ва ин манқуртон занони худро беномусона ба ҷиҳоди нафсӣ (хизматрасонии шаҳвонӣ ба саркардаҳои терорристон) ташвиқ намуданд. Ҳамаи ин занҳои бечора сатр доштанд. Умуман сатрпӯшҳо ва ҳаводоронашон як камбудии ҷиддӣ доранд, ки дар поёни достони риш ба он ишора хоҳем кард.

  Дар хусуси риш

 Риш-қилҳои рӯй ва зери манаҳ баҳонаи дигар барои ҷанг аст. Дар ҳоле, ки араб ва ҳатто афғонҳои фархундакӯш тадриҷан аз риш даст мекашанд, тоҷикон барои он навҳаву фиғон ва митинг мекунанд, ки ришҳои моро ба тартиб надароред. Решаи моҷаро дар мавъизаи рӯҳониён аст, ки аз риш муқаддасот сохта, беришонро ба боди масхара кашиданд.  Агар риш инсонро дар он дунё шафоат кунад, пас В.И.Ленин ва ҳар попи калисо, ки ришҳои то миён доранд, ба биҳишт роҳ меёбанд. Диҷейҳои дискоклуб ҳам…

 Вақте моҳиятан ва мантиқан ба ин масъала нигоҳ кунем, риш 1 нишонаи фарқкунандаи руҳониён аз оммаи мардум аст. Дар гузашта ва имрӯз ҳам руҳониёни ҳама динҳо аз муллои ҳиндуҳои говпараст сар карда то чиниҳои бутпараст риш доранд. Онҳо магар суннати паёмбари моро иҷро карданд? Дар куҷои Қуръон гуфта шудааст, ки мусалмон бояд риш монад? Ислом ҳама навъи зоҳиркориро маҳкум мекунад. Мусалмон бояд ба амал ва рафтор аз паёмбар пайравӣ кунад, на ба симо ё ном.

Риш ва шаҳват

Боре як ҷавони муллочопи ришдор бо андак хиҷолат гуфт: «Риш-шаҳватро зиёд мекунад». Шояд ӯ ҳақ буд. Аз нигоҳи руҳониён суруду рақс сарчашмаи бадахлоқӣ аст. Чун нек нигарӣ, дар клипҳои туркӣ, арабӣ ва эронӣ қариб 100 фоиз мардони ришдор ҳастанд, ки ҳамроҳ бо занони нимаурён мерақсанд. Ин ҷо чӣ сире ҳаст. Дар баҳсҳои фейсбукӣ ҳам баъзе занон таъкид кардаанд, ки мардони ришдор ҳавасангезанд. Ба ин далелҳо агар риш дар муносибатҳои маҳрамона хусусияти таҳрикдиҳанда дошта бошад, пас манаҳи бериши ман хуб аст, чун занеро дар кӯча «безобита» намекунад.

 Ва ниҳоят тарси давлат ва ҷомеа аз ришсиёҳон бесабаб нест. Чун риш дар кишвари мо ангезаи сиёсӣ дорад. 1 гурӯҳ ба он хотир риш мегузорад, то ба асаби давлат расанд ва бисёриҳои дигар ба ин васила ҳамфикронашонро ҷустӯҷӯ ва пайдо намуда, ба онҳо паёми сиёсӣ мерасонанд, яъне  ки «сафи мо зиёд шуда истодааст ва шердил бошед». Аён аст, ки дар зеҳни онҳо ҳисси ғасби озодии дигарон меҷӯшад. Аз ин нигоҳ акнун бояд гуфт, ки камбудии ягонаи ҳар ришсиёҳ ва сатрдор он аст, онҳо худро аз бақияи мардум боло меҳисобанд. Вақте, ки як кас худро аз дигар нафар бартар ҳис кард, ин аллакай оғози ҷанг аст. Давлат дар ҳамин марҳила пеши чашмаро бояд бо бел гирад, вагарна фардо бо фил гирифта наметавонад. 

Соли 1992 дар майдон кӣ буд? Сатрдор ва ришдор! Онҳо даъво надоштанд, ки иҷозат диҳед мо бо ҳиҷобу риш бошем. Онон гуфтанд, ҳама бояд чунин рангу рӯ дошта бошад. Имрӯз низ аз рӯи ҳамон сенария бо истифода аз номи демократия давлат ва ҷомеаро фиреб кардан мехоҳанд. Яъне аввал гузор ман риш монам, баъд қабри касеро меканам, ки риш ва сатр надошта бошад. Аз нигоҳи онҳо демократия ин аст, ки 1 кас ҳақ дорад, либоси шаръӣ пӯшад ва баъд ҳар дунявипӯшро таҳқиру таҳвин кунад, мунофиқу бадбахт, беимон, роҳгумзада ва душмани Худо гӯяд. Агар имрӯз вазъи динӣ назорат нашавад, фардо сатр ба кафан табдил меёбаду риш ба манаҳбанд.

 Масҷиди мо ва идеологияи онҳо

     Бо назардошти ин ҳама назорат аз болои масҷид, сатрпушӣ ва ришмонӣ ба хотири таъмини сулҳ ва пешгирӣ аз ҷанг аст. Беназоратии вазъи мазкур 3 даҳсола пеш 150 ҳазор қурбонӣ ба бор овард. Хулас агар мо хоҳем дигарбора дарёҳоямон аз хуни инсонҳо рангин нашавад, бояд давлат вазъи диниро назорат кунад, чун дар Амрико, чун дар Аврупо ва ҳатто чун дар давлатҳои исломӣ ва ин сиёсат ба нафъи мардум аст.

 Сорбон Ҳакимов, сокини вилояти Хатлон

  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter